ДАР РОҲИ ТАКМИЛИ МАҲОРАТИ ПЕДАГОГӢ

Дар заминаи татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тайи солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Аз ҷумла, дар ин муддат «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» комилан дар амал татбиқ гардид.
Дар донишкада ба коркарди шаклҳои инноватсионии такмили ихтисоси омӯзгорон диққати ҷиддӣ дода мешавад. Яке аз шаклҳои инноватсионии такмили ихтисоси омӯзгорон, ки ба таври васеъ дар таҷриба истифода мегардад, модели «Омӯзиши омехта» маҳсуб мегардад. Соли равон бо мақсади татбиқи ин модел дар курсҳои такмили ихтисос бори нахуст дар таърихи донишкада дарсҳои озмоишии онлайнӣ барои кадрҳои роҳбарикунандаи соҳа ва омӯзгорони фанҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (13 курси такмили ихтисос) тариқи фосилавӣ баргузор карда шуд, ки дар онҳо ба тариқи маҷозӣ ва ҳузурӣ 268 нафар иштирок карданд.
Тӯли 1 соли охир дар донишкада ва филиалҳо 868 курси такмили ихтисос бо фарогирии 20104 нафар шунаванда баргузор карда шуд.
Дар ин давра мавзуи илмӣ (фармоишӣ) таҳти унвони «Таҳқиқи омилҳои пастшавии маънавиёти наврасон ва роҳҳои педагогии пешгирии он» барои солҳои 2018-2022 бомуваффақият ҷамъбаст карда шуд.
Ҳамзамон, дар доираи ҳамкориҳо бо лоиҳаи «Биё, ҳамроҳ омӯзем» ЮСАИД 3122 директори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 4607 нафар омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Олтойи Федератсияи Россия 199 нафар омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русӣ аз курсҳои такмили маҳорати касбӣ гузаронда шуданд. Кормандони донишкада ва филиалҳо дар форумҳои «Таҳсилоти махсуси асри 21», «Сифати таҳсилот – сармоякунонии молия» ва конфронси илмию амалии умумироссиягӣ дар мавзуи «Таълими арзишҳои оила: шарикии оила, мактаб ва ҷамъият» тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.
Самти дигари фаъолияти донишкада ва филиалҳои он таҳияи дастуру роҳнамо ва барномаю дигар маводи методӣ ба шумор меравад. Дар ин муддат дар донишкада ва филиалҳои он 17 монографияю китоб, зиёда аз 232 мақолаи илмӣ-методӣ, 52 дастур ва модули таълимӣ таҳия шуда, 29 конференсия, 65 мизи мудаввар, ҳамоиш, хонишҳои идоравӣ ва дигар тадбирҳои фарҳангӣ баргузор ва ба диссертатсияҳои номзадӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва барномаҳои таълимӣ 248 тақриз пешниҳод карда шуд.
Дар донишкада бо мақсади муттаҳид намудани олимону муҳаққиқон ба корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, пурқувват намудани неруи кадрӣ ва зарфияти илмии ҷавонони муассисаҳои такмили ихтисос, андешидани тадбирҳои мақсаднок ва ҳамгирошуда Шурои муҳаққиқон таъсис дода шудааст.
Дар доираи ҳамкорӣ бо лоиҳаи «Мактабҳои 2030» форуми ҷумҳуриявии «Омӯзгори навовар» гузаронда шуд, ки дар он 28 лоиҳаи инноватсионии омӯзгорони пешқадам аз тамоми ҷумҳурӣ пешниҳод карда шуданд. Ғолиби озмуни даври ҷумҳуриявӣ дар озмуни байналмилалие, ки дар Португалия доир гардид, иштирок намуд.
Дар доираи татбиқи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» 9 семинари омӯзишӣ бо фарогирии 233 нафар ва бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 73 семинар бо фарогирии 1759 нафар мураббии муассисаҳои томактабӣ ва омӯзгорони МИК гузаронида шуд.
Дар филиали донишкада дар шаҳри Душанбе «Мактаби маҳорати педагогӣ» ҳамчун иттиҳоди ихтиёрии омӯзгорон барои омӯхтани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, усулҳои нави таълиму тарбия ва инкишофи минбаъдаи онҳо, татбиқи босамари муносибати босалоҳият ба таълим, такмили ихтисоси омӯзгорон ва дигар кормандони муассисаи таълимӣ ташкил карда шуда, дар доираи фаъолияти «Мактаби маҳорати педагогӣ» бо мақсади омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи маориф аз ҳисоби кормандони фаъоли соҳа, махсусан, занон ва ҷавонони болаёқат ва таъмини ҳайати захираи кадрӣ дар самти роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ курсҳои омӯзишии «Менеҷменти роҳбарӣ» ташкил карда шуд.
Таҳияи Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»